wrapper

Хабарҳо

Боҷу Хироҷ

Боҷу Хироҷ

Низоми пардохти ғайринақдӣ

Ҳоло дар аксар марказҳои калони савдою хизматрасонӣ POS-терминалҳои электронӣ насб шудаанд, ки шаҳрвандон ҳангоми хариди мол ё хизматрасонӣ аз ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ озодона истифода карда метавонанд. Дар робита ба ин, мақомоти андози кишвар кӯшиш намуда истодаанд, ки шумораи POS-терминалҳои электронӣ зиёд шавад, зеро истифодаи оммавии онҳо шаффофияти муомилоти молиявиро таъмин намуда, ба афзудани воридшавии андозҳо ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад. Вобаста ба вазъи насб ва мавриди истифода қарор додани POS-терминалҳо ва зарурату афзалиятҳои он бо сардори Раёсати санҷишҳои амалиётӣ ва назорати фаврии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Давлатзода суҳбат намудем, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.

Муфассал ...

Истиқлол: дастовардҳо ва эҳёи расму суннатҳои воло

     Истиқлол чист? Истиқлол, агар образнок карда гӯем, дасту бозуи дароз, майдони фарохи ҳунар, болу пари кушодаву фазои васеи парвоз, осмони софу беғубор, раҳоӣ аз ҳама гуна банду қайдҳо, роҳ ба сӯи қуллаҳои мурод, имконият барои пешравию болоравиҳост. Истиқлол озодӣ ва соҳибихтиёрист. Истиқлол – зиндагии босаодат.

Муфассал ...

РМА: Тартиби гирифтан ва аҳамияти он

Дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш ба 16 мерасад, бояд дар мақомоти андоз баҳисобгириро гузашта, соҳиби рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) гардад. Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи РМА суҳбате доштем бо муовини сардори Раёсати бақайдгирии андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторзода Амриддин, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.

Муфассал ...

Обуна

 

Дар бораи мо

Шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» 26 декабри соли 1998, ҳамчун нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон, бо номи «Паёми андоз» аз чоп баромада дастраси хонандагон гардид.

Рӯзномаи “Боҷу хироҷ” ягона нашрияи иқтисодии ҷумҳурӣ буда, дар инъикоси фаъолияти иқтисодии кишвар ва ғановати буҷети давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар саҳифаҳои рӯзнома амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводҳо роҷеъ ба андозу иқтисод ва фаъолияти соҳибкорӣ, умури бонкӣ ва муҳосибот, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупоранда, шарҳи Кодекси андоз, инчунин фарҳанги ҷомеаи ҷаҳон ба табъ мерасанд.

PDF